Феврал 26, 2021 19:34 Asia/Dushanbe
  • Яманиҳо дар тазоҳуроте муҳосираи эътилофи мутаҷовизи амрикоиро маҳкум карданд
    Яманиҳо дар тазоҳуроте муҳосираи эътилофи мутаҷовизи амрикоиро маҳкум карданд

Даҳҳо ҳазор яманӣ бо баргузории тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталифи Яман ва сар додани шиорҳое, идомаи таҷовуз ва ҳамалоти эътилофи саудӣ - амрикоӣ ба кишварашонро маҳкум карданд.

Шаҳрвандони яманӣ дар Саъда ва бархе шаҳрҳои дигар имрӯз - ҷумъа тазоҳуроте бо унвони “Муҳосираи эътилофи мутаҷовизи амрикоӣ миллати Яманро мекушад” баргузор ва таҷовузи низомӣ ба кишварашонро маҳкум карданд.

Тазоҳуркунандагон бо сар додани шиорҳое хостори идомаи амалиёти озодсозии Маъриб шуданд.

Шумори зиёде аз мардуми шаҳри Дамт, дар устони Аззолъ низ алайҳи муҳосираи Яман ва куштори ҳамватанони худ тазоҳурот карданд.

Даргирӣ дар Маъриб аз чанд рӯзи пеш, ҳамзамон бо тасаллути нерӯҳои артиши Яман ва кумитаҳои мардумии вобаста ба Ансоруллоҳ бар пойгоҳи низомии эътилофи саудӣ дар минтақаи Сарвоҳи Маъриб оғоз шуд.

Арабистон‌ бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп