Март 03, 2021 19:34 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои амрикоӣ бо чанд фарванд болгарди испанияӣ нерӯҳои худро аз «Айнуласад» хориҷ карданд
    Нерӯҳои амрикоӣ бо чанд фарванд болгарди испанияӣ нерӯҳои худро аз «Айнуласад» хориҷ карданд

«Собирин Нюз» ба нақл аз манобеи вижа, аз кушта шудани 3 низомии амрикоӣ дар ҳамлаи ракетии субҳи имрӯз ба пойгоҳи «Айнуласад» дар Ироқ хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, канали хабарии «Собирин Нюз» эълом кард: Ҷанозаи ин низомиён аз тариқи Кувайт ба пойгоҳи Франкфурт дар Олмон мунтақил шудааст.

 Ин дар ҳоле аст, ки Амрико дар ин бора сукут карда ва фақат аз кушта шудани як фард, он ҳам ба иллати сактаи қалбӣ хабар додааст.

Ҳамчунин гузоришҳо баёнгари он аст, ки Амрико бо истифода аз чанд фарванд болгарди испанияӣ нерӯҳои худро аз ин пойгоҳ хориҷ кард.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии «Алитиҷоҳ» гузориш дод: Сомонаҳои падофанди дифоии «Си ром» ва «Бук -2» дар муқобила бо ҳамлаи мушакӣ алайҳи пойгоҳи «Айнуласад» дар Аланбор шикаст хӯрданд.

Субҳи имрӯз 10 фарванд ракетаи Катюша ба бахши амрикоии пойгоҳи низомии «Айнуласад» дар Ироқ исобат кард.

Ин видео марбут ба мошине аст, ки мушакҳо аз самти он ба сӯйи «Айнуласад» шиллик шуданд.

 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп