Март 05, 2021 17:56 Asia/Dushanbe

Мустафо Алкозимӣ, нахуствазири Ироқ аз поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар фурӯдгоҳи байналмилалии Бағдод истиқбол кард.

Ба гузориши торнамои шабакаи хабарии «Алолам», калисои католик ҳафтуми декабри 2020 эълом карда буд, ки поп Франсис рӯзҳои 5 то 8 марти 2021 ба Ироқ сафар мекунад.

Луйис Рафаэл 1 Сако, раиси калисои католики калдони низ пештар дар гуфтугӯ бо хабаргузории Фаронса эълом карда буд, поп Франсис дар сафари худ ба Ироқ бо оятуллоҳ Сайидалии Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаён дидор мекунад.

Тибқи гуфтаи раиси калисои католики калдони, поп ва оятуллоҳ Систонӣ дар ин дидор дар бораи «як навъ чорчӯб барои маҳкум кардани ҳамаи касоне, ки ба ҳаққи ҳаёту зиндагӣ ҳамла мекунанд», суҳбат хоҳанд кард.

 

Бештар бихонед: