Май 08, 2021 16:36 Asia/Dushanbe
  • Бархе манобеи ироқӣ бомдоди имрӯз аз ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи ҳавоии Айн ул Асад хабар доданд
    Бархе манобеи ироқӣ бомдоди имрӯз аз ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи ҳавоии Айн ул Асад хабар доданд

Артиши Ироқи ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар устони Ал Анбор дар ғарби ин кишварро таъйд кард.

Ба гузориши Ал Фуротниюз, маркази иттилоърасонии амниятии Ироқ вобаста ба артиши ин кишвар бо судӯри баёнияе эълом кард, як паҳподи интиҳорӣ бомдоди имрӯз шанбе дар пойгоҳи ҳавоии «Айн ул Асад» дар устони Ал Анбор дар ғарби Ироқ суқӯт кардааст.

Бархе манобеи ироқӣ бомдоди имрӯз аз ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи ҳавоии «Айн ул Асад» хабар доданд.

Ин дувумин ҳамла дар чанд рӯзи гузашта ба пойгоҳи «Айн ул Асад» башумор меравад.

Манобеи ироқӣ асри сешанбеи ҳафтаи гузашта низ эълом карданд, ки ин пойгоҳи ҳавоӣ ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифтааст.

Бештар бихонед:

Барчасп