Май 08, 2021 17:15 Asia/Dushanbe
  • Саҳюнистҳо рӯзи ҷумъа дастикам 205 фаластиниро захмӣ карданд
    Саҳюнистҳо рӯзи ҷумъа дастикам 205 фаластиниро захмӣ карданд

Дар пайи ҳамалоти низомиёни саҳюнист ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷид-ул Ақсо аҳолии Қудс, раҳбарони гурӯҳҳои фаластинӣ ба режими саҳюнистӣ ҳушдор доданд, ки «Исроил ба зӯдди посухи иқдомоти ваҳшиёнаи худро хоҳад гирифт».

Ба гузориши хабаргузории Форс,  Зиёд Ал Нахола, дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар вокуниш ба ҳамлаи саҳюнистҳо ба намозгузорон дар Қудс гуфт, сукӯт дар баробари ин иқдомот мумкин нест ва душман бояд ҳар лаҳза мунтазири посухи мо бошад.

Вай аз фаластиниҳо хост худро ба Масҷид-ул Ақсо бирасонанд ва то рӯзи 28 моҳи мубораки Рамазон, ки Исроил барномаи юриш ба Масҷид-ул Ақсоро дорад, онҷоро тарк накунанд.

Масъӯлони масоҷиди Қудс ҳам басиҷи умумии аҳолии шаҳрро дар наздиктарин нуқта ба Масҷид-ул Ақсо барои шикастани муҳосираи ин масҷид хостор шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ва  Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Ғазза ҳам дар баёнияҳое дар бораи ончӣ ки режими ишғолгар бар сари намозгузорони Масҷид-ул Ақсо овардааст, ҳушдор дода ва эълом карданд, душман дар Қудс муртакиби ҳамоқате шуда, ки аз авоқиби он бехабар аст.

Ҳамзамон Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардон аз ҷомеъаи байналмилалӣ хост ба масъӯляти комили худ дар ҳимояти байналмилалӣ аз миллати Фаластин ва муқаддасоти онҳо амал кунад.

Низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист рӯзи ҷумъаи афзӯн бар ҳамла ба намозгузорон дар Масҷид-ул Ақсо, ба фаластиниёни сокин дар атрофи Масҷид-ул Ақсо, маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ ва  Боб ул Омуд, ҳамла ва дастикам 205 фаластиниро захмӣ карданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп