Ноябр 24, 2021 12:48 Asia/Dushanbe
  • Даври ҷадиди ҳамалоти Эътилофи саудӣ ба пойтахти Яман

Эътилофи саудӣ даври ҷадиде аз ҳамалоти мутаҷовизонаи худ ба Санъо, пойтахти Яманро оғоз кард.

Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистон, бомдоди чаҳоршанбе аз оғози амалиёти ҷадиди Эътилофи саудӣ ба Санъо хабар дод.

Ин хабаргузорӣ ба нақл аз мақомоти Эътилофи саудӣ муддаӣ шуд, мавозее, ки ҳамла ба онон оғоз шудааст, аҳдофи машрӯи низомӣ будаанд.

Идомаи таҷовузи низомии Арабистон ба Яман ҳамзамон бо он сурат мегирад, ки ҳамалоти мушакӣ ва тӯпхонаии рӯзи гузаштаи Арабистон ба вилояти Саъда, дар шимоли Яман, чаҳор ғайринизомиро захмӣ кард.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман аз марти 2015 то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон беш аз 85 дарсади зерсохтҳои Яманро тахриб ва ин кишварро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

 

Барчасп