Январ 10, 2022 16:05 Asia/Dushanbe

Дар аввалин ҷаласаи парлумони Ироқ бархе аз намояндагон бар сари масъалаи фраксиюни бузургтар бо якдигар ба сурати лафзӣ даргир шуданд ва пас аз он яке аз намояндагон ба раиси солманди парлумон ҳамла кард ва кори ӯ ба бемористон кашид.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, нахустин нишасти парлумони нави Ироқ, ки қарор буд соати 11: 00 субҳи имрӯз - якшанбе ба вақти маҳаллии Бағдод баргузор шавад, пас аз чандин бор таъхир, оғоз шуд.

Аз маҷмуи 329 намояндаи парлумон 324 намоянда дар нишасти имрӯз ҳозир шуданд.

Расонаҳои ироқӣ аз субҳи имрӯз бо интишори тасовире аз ҳузури намояндагони ҷараёнҳову гуруҳҳои сиёсии мухталифи суннӣ, курд ва шиа навиштанд, ки намояндагони ҷараёни Садр имрӯз кафанпӯш дар сохтмони парлумон ҳозир шуданд ва фраксиюнҳои мухталиф пеш аз оғози расмии нахустин нишасти парлумонӣ, бо якдигар ройзанӣ карданд.

Пеш аз оғози расмии нишасти имрӯзи Парлумони Ироқ манобеи расонаӣ эълом карданд, ки ҳизби демократи Курдистон Шохвон Абдуллоҳ ва ҷараёни Садр Ҳоким Зомилиро ба унвони муовинони раиси парлумон номзад хоҳанд кард.

Бархе манобеъ навиштанд, намояндагони курди ҳозир дар нахустин нишасти парлумон, ки имрӯз бо либоси суннатии курдӣ дар ин нишаст ширкат кардаанд, ба забони курдӣ савганд ёд карданд.

Пас аз адои савганд намояндагони пирӯз дар интихоботи ахири парлумони Ироқ, раиси синнии парлумон, боз шудани боби номзадӣ барои раёсати парлумон ва ду муовини ӯро эълом кард ва хостори суръат бахшидани раванди интихоби ҳайати раисаи парлумон шуд.

Бино бар қонуни асосии Ироқ, нахустин ҷаласаи парлумон ба раёсати намояндае, ки аз назари синнӣ аз ҳама бузургтар аст, баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа раис ва ду муовини вай интихоб хоҳанд шуд.

Раиси Парлумони Ироқ мебоист раъйи аксарияти мутлақи парлумон, яъне раъйи беш аз ниме аз аъзои парлумонро касб кунад.

Ба навиштаи канали телеграмии “Собирин Нюс”, дар ин ҷаласа чорчӯби ҳамоҳангии гуруҳҳои сиёсии шиъӣ, дархости худ барои муаррифӣ ба унвони фраксиюни бузургтар бо 88 намояндаро тақдими раёсати ҷаласаи имрӯз кард ва фраксиюни Садр низ ба таври ҷудогона дархости худро, ки номи 76 намояндаро дар худ ҷой дода буд, ироа кард. Дар ин миён чорчӯби ҳамоҳангии дархост ба таъхир афтодани масъалаи интихоби ҳайати раисаи парлумонро то замони тавофуқи ниҳоӣ бар сари номзадҳои он матраҳ кард.

Бино бар ин гузориш, бархе аз намояндагони парлумон бар сари масъалаи фраксиюни бузургтар бо якдигар ба сурати лафзӣ даргир шуданд ва пас аз он яке аз намояндагон ба раиси синнии порлумон ҳамла кард ва пас аз муташанниҷ шудани фазои мавҷуд дар саҳни парлумон ва вахим шудани вазъияти ҷисмии Алмашҳадонӣ, як мошини ёрии таъҷилӣ ӯро ба бемористони Ибни Сино, дар минтақаи сабзи Бағдод мунтақил кард.