Август 06, 2022 18:17 Asia/Dushanbe
  • Сариюлқудс: Тел-Авив, фурудгоҳи Бенгурян ва маконҳои дигарро бо 60 мушак ҳадаф гирифтем
    Сариюлқудс: Тел-Авив, фурудгоҳи Бенгурян ва маконҳои дигарро бо 60 мушак ҳадаф гирифтем

Шохаи низомӣ ҷиҳоди исломӣ аз ҳадаф гирифтани Тел-Авив фурудгоҳи Бенгурян ва маконҳои дигар дар Фаластини ишғоли бо 60 мушак хабар дод.

Режими саҳюнистӣ аз рӯзи ҷумъа чанд минтақаи навори Ғазаро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ худ қарор дода аст, ки то кунун бар асари ин ҳамалот 13 фаластинӣ шаҳид ва 83 нафари дигар захми шуданд.

Гуруҳи муқовимати Фаластин ҳам то кунун дар опсух ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғаза шаҳракҳои атрофи Ғаза ва ҷануби Тел-Авивро ҳадафи ҳамалаи мушаки қарор доданд.

  • Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сариюлқудс шохаи низомии Ҷиҳоди Исломии Фаластин шанбе эълом кард, дар посух ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ Тел-Авив фурудгоҳи Бенгурян, Баирулсаъб, Асқалон, Нифут ва Садирутро бо 60 мушак ҳадаф гирифта аст.
  • Сариулқудс дар идомаи баёнияи худ номи амалиёти кунуниро, ки аз соати 21 ҷумъа шаб оғоз кардаро ваҳдати маёдин эълом кард.
  • Шохаи низомии ҷиҳоди исломӣ дар идома бар идомаи амалиёт дар посух ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ таъкид ва эълом кард руҳияи размандагонаш дар беҳтарин вазъият аст.

Ин дар ҳоле аст, ки гуруҳҳои муқовимати мусатақар дар навори Ғаза аз субҳи имрӯз шаҳракҳои саҳюнистии ҳамсояи борикаи Ғазаро дар посух ба ҳамалоти ҷангандаҳои саҳюнистӣ ҳадафи ҳамлаи мушаки ва хумпора қарор доданд.

 

Барчасп