Сентябр 19, 2022 20:35 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Тазоҳурот дар сарзаминҳои ишғоли дар мухолифат бо бозгашти Натаняҳу ба қудрат
    Таҳлил: Тазоҳурот дар сарзаминҳои ишғоли дар мухолифат бо бозгашти Натаняҳу ба қудрат

Дар ҳоле, ки нишонаҳои аз бозгашти нави Бинямин Натаняҳу ба қудрат дида мешавад, тазоҳурот дар сарзаминҳои ишғоли дар мухолифат бо ин мавзуъ густариш пайдо кард.

Режими саҳюнистӣ бори дигар дар остонаи баргузории интихоботи зудҳангом қарор дорад. Кобинаи эътилофи Нафтали Беннет-Яир Лапид пас аз танҳо як сол аз байн рафт Беннет аз нахуствазири канорагири кард ва Лапид ба таври муваққат ба қудрат расид.

Қарор аст интихоботи зудҳангоми парлумои моҳи ноябр дар сарзаминҳои ишғолӣ баргузор шавад. Ин панҷумин интихоботи парлумонии режими саҳюнистӣ дар камтар аз 4 соли гузашта аст.

Дар интихоботи чаҳорум, ки соли гузашта баргузор шуд, ҳизби Ликуд ба раёсати Натаняҳу ба пирузи расид, аммо пас аз нокомии Натаняҳу дар ташкили кобинаи нав рақибони вай, ки таркиби аз ростгароҳо, чапгароён, сукулорҳо ва арабҳо буданд мувафақ шуданд кобинаи навро ташкил диҳад ва пас аз 12 сол Натаняҳуро аз қудрат канор зананд.

Натаняҳу дар як соли гузашта, аммо бекор нанишаст ва талоши ҳамаҷонибаро барои шикасти кобинаи эътилофи ба кор гирифт ва ҳатто пешгоми муътаризон дар эътирозҳои зидди кобинаи эътилофи қарор гирифт.

Бо фурупошии кобина акнун бори дигар мавзуъи бозгашти Натаняҳу ба қудрат ҷидди шуда аст.

Мутобиқи охирин гузоришҳо аз сарзаминҳои ишғолӣ рақобати асли дар интихоботи парлумонии моҳи ноябр байни эътилофи чапгароён ба раёсати Яир Лапид, нахуствазири муваққати режими саҳюнистӣ ва Натаняҳу раиси ҷараёни ростгаро хоҳад буд.

Ҳамчунин пешбини мешавад, ки пирӯзии дар интихобот бо ростгаро ба раёсати Бинямин Натаняҳу бошад.