Январ 06, 2018 11:07 Asia/Dushanbe
  •  Коҳиши сармояи аввалияи бонкҳои ҷадид дар Тоҷикистон

Бонки Миллии Тоҷикистон аз тасмим барои коҳиши мизони сармояи аввалияи бонкҳои тозатаъсис дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Бонки Миллии Тоҷикистон, акнун бонкҳои тозатаъсис метавонанд бо доштани маблағи 50 миллион сомонӣ (муодили панҷ миллиону 600 ҳазор доллар) муҷаввизи фаъолият дарёфт кунанд.

Қаблан бояд моликони бонкҳои ҷадид барои дарёфти муҷаввизи фаъолият дар Тоҷикистон 80 миллион сомонӣ сармояи аввалия ироа мекарданд.

Феълан пешниҳоди коҳиши мизони сармояи аввалияи бонкҳои тозатаъсис дар Тоҷикистон дар Вазорати адлияи ин кишвар дар дасти баррасӣ аст ва ба зудӣ иҷро хоҳад шуд.

Пешниҳоди коҳиши мизони сармояи аввалияи бонкҳои тозатаъсис дар Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар паёми солонаи худ ба ду Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони ин ҷумҳурӣ дар декабри соли 2017 матраҳ карда буд.

Вай гуфта буд, бо ҳадафи эҷоди рақобат дар низоми бонкии Тоҷикистон, беҳбуди авзои молии бонкҳо, боло бурдани эътимоди мардум ва фароҳам кардани шароити ҷазби сармоя ба ин марокизи молӣ, коҳиши мизони сармояи аввалияи бонкҳои тозатаъсис дар ин кишвар аз 80 миллион сомонӣ ба 50 миллион сомонӣ зарурӣ аст.

Вай бо интиқод аз фаъолияти ғайри қобили пазириши низоми бонкии Тоҷикистон таъкид карда буд, идомаи ин вазъ монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии ин кишвар хоҳад буд.

Тайи 11 моҳи соли 2017 захоири молии бонкҳои тиҷории Тоҷикистон наздик ба 9 миллиард сомонӣ эълом шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2016 беш аз 464 миллион сомонӣ коҳиш доштааст.