Октябр 24, 2018 10:19 Asia/Dushanbe
  • Шубҳаи коршиносон дар бораи ҷазби сармояи коргарони муҳоҷири тоҷик

Теъдоде аз коршиносон дар мавриди тарҳи давлати Тоҷикистон барои ҷазби сармояи коргарони муҳоҷири тоҷик, бо ҳадафи рушди иқтисоди ин кишвар ибрози шакку тардид кардаанд.

Ба гузориши “Спутник”, ахиран дар нишасте бо ҳузури мақомоти ҳукуматӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикони муқими хориҷ дар шаҳри Душанбе роҳҳои тақвияти заминаҳо ва суръат бахшидан дар раванди ҷазби сармояи коргарони муҳоҷири тоҷик барои рушди Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Аммо Андрей Якимов, коршиноси умури муҳоҷират дар Русия мегӯяд, ки коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин тарҳ ба далели надоштани шаффофият истиқбол намекунанд.

Якимов афзуд, қаблан низ чанд тарҳи мушобеҳ барои эҷоди сандуқи сармоягузорӣ ба манзури осонсозӣ дар интиқоли пули коргарони тоҷикистонӣ ба Русия таъсис шуд, ки мавриди истиқбол қарор нагирифт.

Гавҳар Ҷӯраева, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳам мегӯяд, ки ба далели набуди эътимод ба сармоягузорӣ дар Тоҷикстон, ки варшикастагӣ, боздошт ва зиндонӣ шудани бисёре аз фаъолони бахши хусусӣ гумон намекунам, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз ин тарҳ ҳимоят кунанд.

Вай афзуд, иддае аз фаъолони бахши хусусӣ сармояҳои худро ба Тоҷикистон мунтақил карданд ва бо мушоҳидаи молиёти сангин, қарзҳои бонкӣ бо дарсади бисёр боло ва судҳои ҳангуфт ва таҳқиқу бозрасии даҳҳо созмон ва ниҳоди назоратӣ фаъолияти худро қатъ карданд.