Март 16, 2019 17:27 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии парвози мустақим байни Тоҷикистон ва Гурҷистон

Тоҷикистон ва Гурҷистон дар мавриди роҳандозӣ ва барқарории парвози мустақим байни ду кишвар, тафоҳум имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ҳадафи дидор ва машварат бо ҳамтоёни гурҷии худ ба Тифлис сафар кард.

Дар чорчӯби ин сафар, ҳайати тоҷикистонӣ бо мақомоти Гурҷистон ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин ёддошти тафоҳум бар сари масоили фаннии марбут ба эҷоди хатти мустақими парвоз ва имзои тавофуқномаи дуҷонибаи байнидавлатӣ дар заминаи иртибототи ҳавоӣ тавофуқ шудааст.

 

Барчасп