Сентябр 17, 2019 09:01 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 80 ва 120 мегаватт барқ тавассути ду турбинаи нахусти ниругоҳи Роғун

Ду турбина(чарха)и нахусти ниругоҳи Роғун бо зарфияти 80 ва 120 мегаватт барқ тавлид мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Авесто, мақомоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфтаанд, ки бо идомаи сохти сад(обанбор)и 335 метрии ин ниругоҳ ва обгирии тадриҷии он, зарфияти тавлиди барқ дар турбинҳои ниругоҳи Роғун афзоиш хоҳад ёфт. Зеро бар асоси тарҳи сохти ниругоҳи Роғун раванди сохту сози обанбор , обгирӣ ва насби турбинаҳо ҳамзамон ва тадриҷӣ амалӣ мешавад, ки заминаи тавлиди барқ ва интиқоли он ба шабакаи барқи Тоҷикистонро фароҳам месозад.

 Турбинаи нахусти ин ниругоҳ рӯзи16 ноябри соли 2018 ва турбинаи дувум дар рӯзи 9 сентябри соли ҷори ба баҳрабардорӣ расид. Ниругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ-обии минтақа аст.

 Дар сурати баҳрабардори аз шаш турбинаи ниругоҳи барқӣ-обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт-соат барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

 Гуфта мешавад, ки сохти ин ниругоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.

 

Назарҳо