Сентябр 17, 2019 10:52 Asia/Dushanbe
  • Камбуди будҷаи Тоҷикистон ва мушкили бозпрдохти қарзҳои хориҷӣ

Ба даст наомадани даромадҳои пешбинишуда дар Тоҷикистон сабаби эҷоди касрӣ ё камбуди будҷа дар ин кишвар шудааст.

Бахшҳои даромадӣ ва хароҷоти будҷаи ҳукумати Тоҷикистон тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ иҷроӣ нашудааст, ки чигунагии бозпардохти вомҳо(қарзҳо)и молии хориҷиро матраҳ мекунад.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи вазорати молияи Тоҷикистон, мизони будҷаи умумии ҳукумати ин кишвар тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 10 миллиарду 900 миллион сомонӣ расидааст, ки 4 дарсад камтар аз барномаи пешбинишуда аст.

 Ҳамчунин бахши хароҷоти будҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин муддат ба 11 миллиарду 131 миллион сомонӣ расида, ки иҷрои 83 дарсади ин бахшро нишон медиҳад.

 Ин дар ҳоле аст, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 2 миллиарду 900 миллион доллар расидааст ва то охири имсол аз 3 миллиарду 100 миллион доллар фаротар хоҳад рафт. Аммо мақомоти вазорати молияи Тоҷикистон мӯътақиданд бо вуҷуди ин мизон қарзи хориҷӣ раванди бозпардохти вомҳои дарёфтиро таъмин хоҳанд кард.

 Ҳарчанд, ки ниҳодҳои молии байналмиллалӣ дар бораи афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон ва мушкили бозпардохти вомҳои дарёфтӣ ҳушдор медиҳанд, аммо масъулони вазорати молияи Тоҷикистон мӯътақиданд, ки иттифоқи  хосе рух нахоҳад дод, зеро ниҳодҳои молии байналмиллалӣ  мизони қарзи хориҷии Тоҷикистонро баробар бо 48 дарсад аз маҷмӯъи маҳсулоти тавлиди нохолиси миллии ин кишвар эълом мекунанд, ки дарёфти вомҳои ҷадидро мушкил месозад. Вале дар вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки ин нишондод 36 дар сад аст.

 Аз сӯи дигар бар асоси барномаи вазорати молияи Тоҷикистон дар се соли оянда, қарзи хориҷи ин кишвар ба 3 миллиарду 441 миллион доллар хоҳад расид, ки 714 миллион доллар бештар аз қарзи феълӣ аст..

 

Барчасп

Назарҳо