Сентябр 17, 2019 11:05 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як мақоми ҳукуматии Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ

Бори дигар як мақоми ҳукуматии Тоҷикистон ба иттиҳоми мушорикат дар ришвахорӣ боздошт шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ховар , Ожонси мубориза бар зидди фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти Дилшод Хоҷаев, мансабдори бахши хонаҳо дар ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод.

 Бар асоси ин хабар, Хоҷаев ҳамроҳ бо сокини шаҳри Душанбе Саъдуллоҳ Муҳиддинов дар ивази дарёфти ғайриқонунии 1500 доллар ба унвони ҳаққи хидмат дар танзими санадҳои манзили як сокини кӯчаи Лучоб мушорикат доштааст.

Ин  шахс, ки номаш дар гузориши Ожонси мубориза бар зидди фасоди молии Тоҷикистон  махфӣ аст , ба хотири тамаъи Дилшод Хоҷаев ва Саъдуллоҳ Муҳиддинов  дучори зарари молӣ шудааст.

 Мақомоти тафтишотии шаҳри Душанбе дар мавриди ин хилофкорӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд.

 Ришвахорӣ ва дигар тахаллуфоти молии мақомоти давлатӣ яке аз омилҳои аслии фасод дар ҷомеаи Тоҷикистон дар солиёни ахир буда, ки ҳамвора дар гузоришҳои созмонҳои байналмиллалӣ зикр шуда ва аз ин лиҳоз ҳукумати Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифтааст.

 

Назарҳо