Сентябр 17, 2019 11:18 Asia/Dushanbe
  • Даргирии мусаллаҳона дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистон

Бар асари вуқӯъи даргирии мусаллаҳона дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Қирғизистон камаш як нафар кушта ва чандин нафар аз ду тараф захмӣ шуданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи русии Фарғона, ин даргирӣ шомгоҳи душанбе байни сокинони рустоҳои Овчи қалъаи Тоҷикистон ва Мақсати Қирғизистон бар сари ихтилофи назар дар мавриди бахши аломатгузорӣ нашудаи хатти марзи муштараки миёни ду ҷумҳурӣ рух дод.

 Гуфта мешавад фарди кушташуда Равшан Муъминов, зодаи шаҳри Тошканди Узбакистон будааст.

 Дар ҳамин ҳол Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни интишори изҳороте ҷониби Қирғизистонро омили шурӯъи низоъи мусаллаҳона донистааст. Дар ин изҳорот ҳамчунин гуфта шудааст чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ин моҷаро маҷрӯҳ шудаанд.

 Аммо Чингиз Ҳайдарбеков, вазири хориҷаи Қирғизистон дар тамоси телефонӣ бо Сироҷуддин Меҳриддин, ҳамтои тоҷики худ марзбонони Тоҷикистонро гунаҳкорони ин даргирӣ донистааст.

 

Назарҳо