Сентябр 18, 2019 12:01 Asia/Dushanbe
  • Тасдиқи кушта шудани се  марзбони тоҷик дар даргирии ахир дар марз бо Қирғизистон

3 Марзбони тоҷик дар даргирии ахир дар марз бо Қирғизистон кушта шуданд.

Ба нақл аз сомона иттилоърасонӣ, раиси вилояти Суғд гуфт: Дар ҷараёни даргирии шомгоҳи душанбе 16-уми сентябри соли ҷорӣ байни сокинони рустоҳои Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон ва Мақсати Қирғизистон бар асоси ихтилофи назар дар мавриди бахши аломатгузоринашудаи хатти марзи муштарак миёни  ду ҷуиҳурӣ, подполковник Рустам Убайдуллоев, фармондеҳи посгоҳи марзии Овчӣ-Қалъача, Рамазон Исломов ва Ғиёсиддин Субҳонов, ду сарбози ин посгоҳ кушта шуданд.

Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди сукути мақомоти расмӣ ва расонаҳои хабарии давлатӣ дар Тоҷикистон дар мавриди марзбонони кушташудаи тоҷик, бастагони ин афрод ҷаноза ва дафни ононро тасдиқ кардаанд.

Ҳамчунин 5 нафар аз афсарон ва сарбозони посгоҳи марзии Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон дар ин даргирӣ захмӣ шуданд.

Тарафи Қирғизистон низ аз кушта шудани як афсари низомӣ ва захмӣ шудани 13 тан аз сокинони минтақаи Мақсат хабар доданд, ки 20 нафар аз ин захмиҳо барои мудово ба шаҳри Бишкек мунтақил шуданд.

Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон бо эҳзори сафири Тоҷикистон дар Бишкек, маротиби эътирози расмии худро дар иртибот бо даргирии ахири марзӣ ба вай эълом кард.

Аз сӯи дигар теъдоде аз сокинони Лайлаки Қирғизистон бо таҷаммӯъ дар шаҳир Бишкек, пойтахти ин кишвар эътирози худро ба даргирии ахир дар марзи ин ноҳия бо Тоҷикистон иброз кардаву аз ҳукумати Қирғизистон дархост кардааст, ки ба нооромиҳо дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон поён диҳад.

 

 

 

Назарҳо