Сентябр 18, 2019 12:35 Asia/Dushanbe
  • Судури муҷаввизи нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон

Нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон муҷаввизи фаъолият гирифт.

Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи фаъолияти нахустин бонки исломӣ дар ин кишвар мавсум ба "Тавҳидбонк"-ро содир кард.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми эътои муҷаввизи фаъолияти "Тавҳидбонк" ба Шералӣ Зардов, мудири нахустини бонки исломӣ дар ин кишвар гуфт: Ин муҷаввиз таҳаввули ҷадидеро дар низоми бонкдории ин кишвар эҷод мекунад.

Бар асоси муқаррароти эъломшуда, "Тавҳидбонк" ба унвони нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон, аз ҳуқуқи анҷоми муомилоти молӣ бо сомонӣ, воҳиди пули миллии ин кишвар ва арзҳои хориҷӣ бархӯрдор аст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки оғози фаъолияти "Тавҳидбонк" заминаи ҷазби сармояи хориҷӣ, бавижа кишварҳои исломӣ ва ифтитоҳи бонкҳои ҷадидро, ки бар асоси шариати ислом кор мекунанд, фароҳам мекунад.

 

 

Барчасп

Назарҳо