Сентябр 18, 2019 13:37 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши даромади коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия

Мизони даромади коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия таи семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ дар муқоиса бо семоҳаи нахуст афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз хабаргузории Tajik Te, Бонки марказии Русия эълом кардааст, ки таи семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон 649 миллион доллар интиқол доданд, ки дар муқоиса бо семоҳаи нахусти соли ҷорӣ 212 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Даи семоҳаи нахусти соли ҷорӣ ин афрод ба Тоҷикистон 462 миллион доллар интиқол доданд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 25 миллион доллар коҳиш нишон медиҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2018 коргарони муҳоҷири тоҷик аз тариқи шабакаҳои бонкӣ аз Русия ба кишварашон 2 миллиарду 553 миллион долар ирсол карда буданд, ки дар муқоиса бо соли 2017 афзоиши 17 миллиондоллариро нишон медод.

Акнун 90 дарсад даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон ба рубл мунтақил мешавад.

 

Барчасп

Назарҳо