Сентябр 18, 2019 14:16 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои афзоиши молиёт дар бахши хусусии Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ афзоиши молиёт дар Тоҷикистонро монеи рушди фаъолияти бахши хусусӣ дар ин кишвар эълом кард.

Ба нақл аз сомонаи Top Tj, Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ бо унвони "Мусоидат барои рушди Тоҷикистон" эълом кардааст, ки ин кишвар дар радабандии ҷаҳонии осонсозии тиҷорат дар мақоми 183 дар миёни 190 кишвар қарор дорад.

Аз дидгоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ иллати ҷойгоҳи номуносиби Тоҷикистон дар ин радабандӣ, мизони 65 дарсадии молиёт дар ин кишвар аст, ки роҳи рушди фаъолиятҳои хусусиро кунд мекунад.

Ян Питер-Олтерс, мудири дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳнӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикисон ҳамасола мизони молиёти пардохтӣ дар ин кишварро 15 то 20 дарсад афзоиш медиҳад.

 

Барчасп

Назарҳо