Октябр 20, 2019 10:10 Asia/Dushanbe
  • Интишори рӯйхати нави ашхоси муртабит бо терроризм дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати нави ашхоси муртабит бо гуруҳҳои террористиро мунташир кард, ки дар муқоиса бо соли пеш шумори ин ашхос афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, дар рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ашхоси муртабит бо гуруҳҳои террористӣ номи 2 ҳазору 392 нафар гунҷонда шудааст, ки дар муқоиса бо соли қабл ҳазору 20 нафар бештар аст.

Ин рӯйхат бар асоси дархости Созмони байналмиллалии муқобила бо пулшӯӣ (FATF) таҳия шудааст, ки дар он номи ашхоси саршиносе монанди Муҳиддини Кабирӣ раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуаи наҳзати исломӣ ва раиси Паймони миллии Тоҷикистон то генерали фирорӣ Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи ин ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад.

Бо ин ҳол мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ҳозир нашудаанд, ки дар бораи афзуда шудани асомии нав ба рӯйхати ашхоси муртабит бо гуруҳҳои террористӣ тавзеҳ диҳанд.

Яке аз вижагиҳои ин рӯйхати нав ин аст, ки асомии фарзандони теъдоде аз мухолифони саршиноси ҳукумати Тоҷикистон, ки зиндонӣ ҳастанд низ дар ин рӯйхат гунҷонда шудааст.

Дар соли 2018 Ҳарлим Дизир намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо ирсоли номае ба Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон хостори ҳазфи  асомии теъдоде аз хабарнигорон аз рӯйхати ашхоси муртабит бо гуруҳҳои террористӣ шуд, ки пас аз муддате номи 16 хабарнигор аз ин рӯйхат бардошта шуд.

Барчасп

Назарҳо