Октябр 21, 2019 09:59 Asia/Dushanbe
  • Баррасии пешниҳоди Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон ба бунёди Оғохон барои сохти пули нав

Муовини вазири ҳамл ва нақли Тоҷикистон аз баррасии пешниҳоди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба бунёди Оғохон барои сохти пули нави иртиботӣ миёни ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва минтақаи ҳам номи он дар вилояти Тахори Афғонистон хабар дод.

Ба нақл аз Сомонаи маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Суҳроб Мирзозода гуфтааст, дар нишасти муштараке миёни намояндагони Вазорати ҳамл ва нақли , Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва дафтари намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон мавзуъи сохти ин пули иртиботии нав, таъсисоти мавриди ниёз ва иттисоли он ба  гузаргоҳи марзии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо вилояти Тахори Афғонистон баррасӣ шуд.

Вай таъкид кардааст,ки ин шашумин пули иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аст,ки бо кумаки молии бунёди Оғохон ва таҳти  назорати дафтари барномаи рушди Созмони Милалли муттаҳид миёни Тоҷикистон ва Афғонистон сохта хоҳад шуд. Бар асоси пешниҳоди Тоҷикистон Бунёди Оғохон бо шарикони хеш мутаъаҳид шудааст роҳи иртиботии нав ба тули 50 километр аз минтақаи Гулистони ноҳияи Восеъ то ноҳияи Фархор ва марзи Афғонистонро бисозад.

Гуфта мешавад тули пули нави иртиботӣ миёни ноҳияи Фархори Тоҷикистон то бандари Ойхонум дар вилояти Тахори Афғонистон 297 метр ва арзи он 4у ним метр хоҳад буд,ки аз тавони бардоштани 60 тон бор бархурдор мебошад.

Ҳазинаи сохти ин пули иртиботӣ наздик ба 10 миллион доллар эълом шудааст.

Назарҳо