Октябр 21, 2019 10:50 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши сурати фақрзудоӣ дар Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ аз кунд шудани сурати коҳиши фақр дар кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз Тоб Ти Ҷи, Бонки ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ дар бораи мизони фақр дар Тоҷикистон эълом кардааст,ки дар солҳои 2000 то 2009 сурати коҳиши фақр дар Тоҷикистон солона 7 дар сад буд,ки заминаи коҳиши фақр дар ин кишварро аз 70 дар сад ба 25 дар сад фароҳам кард.

Ин гузориш меафзояд; дар солҳои ахир мизони коҳиши фақр дар Тоҷикистон солона ба як дар сад расида ва ин дар ҳоле аст,ки дар сурати ҳифзи сурат 7 дар сади қабли, имрӯз танҳо 13 дар сад ҷамъияти ин кишвар муодили як миллион нафар аз ҷамъияти 9 миллион нафарии он зери ҳифзи фақр буданд.

 Аз дидгоҳи Бонки ҷаҳонӣ яке аз авомили кунд шудани сурати коҳиши фақр дар Тоҷикистон коҳиши 50 дар садии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз хориҷ ва умдатан Русия аст.

 Ҳамчунин вуҷуди фасоди молии густарда дар идораҳои давлатӣ,набуди рақобати солим миёни ширкатҳои мутаалиқ ба бахши хусусӣ ва давлатӣ, молиёти сангин ва вомҳои бонкӣ бо суди боло муҷиб мешавад,ки ҳамасола фаъолони зиёде аз бахши хусусӣ бо эъломи варшикаастагӣ муҷавизи худро лағв кунанд.

Ҳоҷи Муҳаммад Умаров иқтисоддони тоҷик мегуфд,ки мизони фақр дар минтақаҳои рӯстоии Тоҷикистон дар муқоиса бо шаҳрҳо бештар аст.

 Бонки ҷаҳонӣ шохиси фақрро даромади дуввуним долларӣ дар ҳар  рӯз унвон кардааст ва афроде,ки рӯзона якуним доллар даромад доранд фақири мутлақ маҳсуб мешаванд.

Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия кардааст,ки бо сохти корхонаҳои санатӣ, иштиғолзоӣ, коҳиши мизони молиёт ва суди вомҳои бонкӣ заминаи коҳиши фақр дар ин кишварро фароҳам кунад.

Барчасп

Назарҳо