Октябр 22, 2019 09:49 Asia/Dushanbe
  • Бекор кардани дарёфти боҷи зистмуҳитии Тоҷикистон аз худравҳои қирғизистонӣ дар марз

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои ҳукме дарёфти боҷи зистмуҳитӣ аз худравҳо ва мошинҳои борбарии қирғизӣ, ки қасди вуруд ба хоки Тоҷикистон дорандро бекор кард.

Ба нақл аз Спутник, Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҳукм мусаввабаи қаблии ҳукумати Тоҷикистон, ки худравҳои қирғизистониро мулзам ба пардохти ин боҷ аз 62 сомонӣ то 300 сомонӣ мекардро бекор кардааст.

Дарёфти боҷи зистмуҳитӣ аз худравҳои қирғизистонӣ ҳангоми вуруд ба дохили Тоҷикистон дар соли 2017 иҷроӣ шуда буд, ки ҳадафи ин иқдом ҳифзи муҳити зист унвон мешуд, бар ин асос аз ҳар маторсикл 62 сомонӣ, худравҳои саворӣ 124 сомонӣ, минибусҳо 250 сомонӣ ва мошинҳои боркаш 300 сомонӣ дарёфт мешуд.

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди ду даҳсола музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ фақат 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.

Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шуравӣ бархе аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври мушаххас нишонагузорӣ нашуда ва теъдоде рустоҳои ин ду кишвар дар дохили ҷумҳурии дигар қарор доранд, ки ба маншаи ихтилофи мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.

Барчасп

Назарҳо