Октябр 22, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши содироти маҳсулоти тавлидии Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар

Тоҷикистон таи 9 моҳи соли равон 768 миллион доллар содирот дошта, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 40 миллион доллар коҳиш доштааст.

Ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, ҳамчунин таи 9 моҳи соли равон низ 2 миллиарду 390 миллион доллар воридот дошта, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш наздик ба 73 миллион доллар бештар аст.

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар ин муддат содироти маҳсулоти бофандагӣ 30 дарсад, кишоварзӣ 28 дарсад, маводи хоми саноатӣ 17 дарсад ва филизҳо 8 аз даҳ ҳафт дарсад коҳиш ёфтааст.

Аммо таи ин муддат воридоти равғани моеъ ҳудуди 50 дарсад, таҷҳизоти пизишкӣ 36 аз даҳ шаш дарсад, маҳсулоти саноати шимиёӣ ҳудуди 13 дарсад, маводи ғизоии омода 8 аз даҳ нуҳ дарсад ва василаҳои нақлия 8 дарсад афзоиш доштааст.

Аз сӯи дигар коршиносон, иллати афзоиши воридот ва коҳиши содиротро навасоноти арзӣ ва камбуди доллар дар ин кишвар эълом мекунад.

Таи 9 моҳи соли равон 768 миллион доллар содироти хориҷӣ бо Тоҷикистон муҳимтарин шарики ин кишвар боқӣ мондааст, Қазоқистон бо  630 миллион доллар дар рутбаи дуввум, Чин бо 453 миллион доллар, Туркия бо 275 миллион доллар ва Узбакистон бо 264 миллион доллар дар  ҷойгоҳҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.

 

Барчасп

Назарҳо