Октябр 23, 2019 12:12 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 28 дарсадии содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон

Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз ибтидои имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 29 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба нақл аз сомонаи Taj Week, Тоҷикистон имсол 82 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 32 ҳазор тонна камтар аст.

Бар асоси гузориши Агентии давлатии омори Тоҷикистон, наздик ба 46 дарсад аз маҳсулоти кишоварзии ин кишвар дар ин муддат ба Қазоқистон ва 20 дарсад ба Русия содир шудааст.

Аз ибтидои имсол пиёз муҳимтарин маҳсули кишоварзии содиротии Тоҷикистон буда, ки содироти он ба 57 ҳазор тонна расидааст, ҳарчанд ки ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 24 ҳазор тонна коҳиш нишон медиҳад.

Аз сӯи дигар дар ин муддат ҳазорон тонна меваи хушк, беш аз 4000 тонна ангур, 4000 тонна зардолу ва беш аз 2000 тонна олу аз Тоҷикистон содир шудааст.

 

Барчасп

Назарҳо