Октябр 23, 2019 12:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои писарони бунёнгузори гурӯҳи

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду писари муассиси собиқи гурӯҳи "Ансоруллоҳ"-ро ба зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз сайти Фарғона, Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Табаров, писари бузурги Домулло Амриддин, муассиси собиқи гурӯҳи мамнӯаи "Ансоруллоҳ"-ро ба 23 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ин додгоҳ барои Сайидҷалолиддин Табаров, писари дуввуми Домулло Амриддин низ 16 соли зиндон бо низоми сахтро дар назар гирифт.

Ин ду фарзанди Домулло Амриддин дар соли 2018 бар асоси созишномаи истирдоди муҷримон миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ва дар чорчӯби ҳамкории Кобул ва Душанбе дар мубориза бо терроризм, аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуда буданд.

Домулло Амриддин пас аз поёни ҷанги дохилии Тоҷикистон дар соли 1997 гурӯҳи "Ансоруллоҳ"-ро таъсис кард, ки бо "Толибон" ҳамкории наздике дошт ва афроди норозӣ аз созишномаи барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро шомил мешуд.

 

Барчасп

Назарҳо