Ноябр 11, 2019 14:25 Asia/Dushanbe
  • Тақаллои террористҳо барои бақо пас аз Албағдодӣ; Тоҷикистон осебпазиртарин кишвари минтақа

Коршиноси масоили сиёсии Қазоқистон гуфт, имрӯза дар сафҳои Созмони террористии ДИИШ танҳо аъзои фаол ва ҳирфаӣ боқӣ мондаанд ва ин мавзӯъ дар Осиёи ҷануби шарқӣ ва Осиё ва Осиёи Марказӣ низ матраҳ аст.

Ислом Куроев коршиноси масоили сиёсии Қазоқистон бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар Сурия аз тадовуми иқдомоти ДИИШ пас аз кушта шудани Абубакр Албағдодӣ раиси ин созмони террористӣ хабар дод.

Ба нақл аз Форс, вай гуфт, бозигарони даргир дар Сурия ба бунбаст расида буданд, аммо пас аз иқдомоти ахири Туркия дар шимоли Сурия вазъият дигаргун шуд.

Куроев тасреҳ кард, дар натиҷа Амрико аз минтақаҳои шимолӣ хориҷ шуд, аммо сарбозони ин кишвар ҳануз махзанҳои нафтӣ ва гозиро нигаҳбонӣ мекунанд ва тағйироти баъдӣ дар солҳои оянда бо дастони давлати Туркия сурат хоҳад гирифт ва Анкара дар моҳи феврал боз ҳам вориди шимоли Сурия мешавад.

Ин коршинос хотирнишон кард, нақши Русия низ афзоиш ёфт ва Маскав дарк мекунад, ки гуфтугӯи мустақим бо Анкара бисёр муҳим аст.

Вай гуфт, дар Осиёи ҷануби шарқӣ террористҳои ДИИШ фаол ҳастанд ва дар Осиёи Марказӣ фаолияти онон камранг аст. Онон дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба далели ҳаммарз будани ин кишвар бо Афғонистон мушоҳида мешаванд зимни он ки Афғонистон пойгоҳи феълии ин созмони террористӣ мебошад.

Куроев изҳор дошт, имрӯз таҳдидоти ҷиддӣ аз тарафи ДИИШ барои Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад ва созмонҳои амниятии кишвраҳои минтақа иқдомоти хуудро ҳамоҳанг мекунанд ва фаолияти муассиреро анҷом медиҳанд, аммо Тоҷикистон осебпазиртарин кишвари минтақааст ва ДИИШ гоҳан ҳузури худ дар ин кишварро исбот мекунад.

Куроев афзуд, ба назари ман бо кушта шудани Албағдодӣ ин созмони террористӣ ангезаи наве барои идомаи фаолият дарёфт карда ва тибқи пайёмҳои ахири намояндагони ДИИШ дар кишварҳои дигар барои анҷоми ҳамалоти террористӣ таҳти раёсати раиси нави ин созмон эъломи омодагӣ кардаанд.

Барчасп

Назарҳо