Ноябр 12, 2019 09:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нисбии нархи маскан дар Тоҷикистон

Нархи маскан дар шаҳрҳои Тоҷикистон дар як соли ахир дар муқоиса бо даврони буҳрони иқтисодии ҷаҳон дар соли 2008 афзоиш доштааст.

Сомонаи ТопТҶ эълом кард, нархи ҳар метри мураббаъ хонаи тозасоз дар маркази шаҳри Душанбе 626 доллар ва дар атрофи пойтахти Тоҷикистон 350 то 400 доллар аст.

Ин сомона гуфт, дар як соли ахир ин нархҳо 30 дарсад афзоиш доштааст.

Ба гуфтаи коркунони амлок таи як соли ахир дар маркази шаҳри Душанбе ҳар метри мураббъ хонаи тозасохт байни 100 то 200 доллар афзоиш ёфта, ки иллати он афзоиши тақозо аст.

Онон мегуянд, ки муштариёни асосии хариди манзилҳои маскунӣ дар шаҳри Душанбе коргарони муҳоҷири тоҷик ҳастанд, ки бо даромади ирослии худ аз Русия иқдом ба хариди хона мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2008 ва то оғози буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ нархи ҳар метри мураббаъ аз манзилҳои  навсоз дар маркази шаҳри Душанбе ҳазору 300 доллар ва дар атрофи пойтахти Тоҷикистон ба 800 доллар буд.

Аз 779 ҳазор метри мураббаъ манзили маскунии эҳдосшуда дар Тоҷикистон аз оғози имсол, 70 дарсадро бахши хусусӣ бо мушорикати молии мардум сохтааст.

 

Барчасп

Назарҳо