Ноябр 12, 2019 09:56 Asia/Dushanbe
  • Набуди маҳдудият барои адои фаризаҳои динии мусулмонон дар Тоҷикистон

Мудири Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, дар ин кишшвар ҳеҷ маҳдудияте барои адои фаризаҳои динии мусулмонон вуҷуд надорад.

Ба нақл аз сомонаи Маркази исломии Тоҷикистон, саид Мукаррам Абдулқодирзода ҳаргуна эҷоди маҳдудият нисбат ба адои фаризаҳои динии мусулмонон дар Тоҷикистонро рад кард.

Вай гуфт, 90 дарсад аз мардуми Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд ва фазои мусолиматомезе бо пайрувони шиаи исмоилӣ доранд.

Ба гуфтаи мудири Маркази исломии Тоҷикистон тасвиби қавонини озодии эътиқод ва фаолияти созмонҳои мазҳабӣ ва танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон аз тарафи давлат фақат бо ҳадафи барномарезӣ ва ҳадафдор кардани зиндагии сокинони ин ҷумҳурӣ аст.

Вай матолиби мунташиршуда дар расонаҳои хабарӣ ва фазои маҷозиро дар бораи вуҷуди маҳдудиятҳо барои мусулмонон дар Тоҷикистон беасос ва фитнаангез эълом кард.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони умури мазҳабӣ ва расонаҳои мустақили хабарӣ, таътилӣ ва баста шудани ҳазорон масҷид аз сӯи давлат, мамнуияти вуруди бонувон ва писарони то 18 сол ба масҷидҳо, мамнуияти иқомаи намоз дар идороти давлатӣ, мамнуъ будани ширкати кормандони созмонҳои ҳукуматӣ дар намози ҷумъа, мамнуъ шудани ҳиҷоби исломӣ барои бонувон дар идораҳо ва марказҳои давлатӣ ва мамнуияти пахши садои азон аз баландгӯҳои масҷидҳоро поймолсозии ҳуқуқи мазҳабии мусулмонон ва эҷоди маҳдудият барои анҷоми фаризаҳои динии онон дар Тоҷикистон медонанд.

Назарҳо