Ноябр 12, 2019 11:14 Asia/Dushanbe
  • Иддаои рӯзноманигори русӣ дар бораи дахолат надоштани ДИИШ дар ҳамла ба марзбонони тоҷик

Рӯзноманигори русӣ муддаӣ шуд ДИИШ дар ҳамла ба марзбонони тоҷик дахолате надоштааст.

Ба нақл аз сомонаи русии The Insider, дар матлаби муфассале ба қалами рӯзноманигори маъруф Аркадӣ Дубинов муддаӣ шудааст дар даргирии ахир дар посгоҳи Ишқобод дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон гуруҳи террористии ДИИШ дахолате надошта ва пазириши масъулияти ин ҳодиса аз сӯи ин гуруҳ иддаои дуруғ аст.

Нависандаи ин сомона муътақид аст ҳодисаи Ишқобод ба иллати вуҷуди ихтилоф ва низоъи коргарони бардошти шираи гиёҳи камол бо мақомоти ширкати тавлидкунандаи ин маҳсул будааст.

Масъулони ширкати соҳиб имтиёзи бардошт ва фуруши гиёҳи доруии камол дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ҳамакнун ба иллати мизони пардохти молӣ бо коргарон ихтилоф дорад.

Ин ширкат замони бардошти маҳсул аз коргарони афғонӣ ва тоҷик истифода мекунад.

Шираи гиёҳи доруии камол нисбатан гарон буда ва дар пизишкӣ корбурд дорад.

Иддаи сомонаи русӣ дар бораи ҳолати дахолат надоштани ДИИШ дар ҳамла ба марзбонони тоҷик дар ҳолест, ки ҳануз мақомоти расмии Тоҷикистон дар баробари он вокуниш нишон надоданд.

Ёдовар мешавад дар ҳодисаи 6 ноябри имсол дар марз миёни Тоҷикистон ва Узбакистон даҳҳо нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва тарафи муқобил кушта ва захмӣ шуданд.

Барчасп

Назарҳо