Ноябр 12, 2019 21:41 Asia/Dushanbe
  • Таътили марокизи тавлидии Тоҷикистон: Аз набуди бозор то фарсудагии таҷҳизот

Вазорати саноеъ ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кард, ки набуди бозор, мудирияти нокоромад ва фарсудагии таҷҳизот омили умдаи таътили марокизи тавлидии ин кишвар аст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати саноеъ ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, мақомоти ин вазорат гуфтаанд, ки соли 2018 беш аз 307 маркази тавлидӣ ва саноатӣ таътил шуд, ки 67 дарсади ин корхонаҳо марбут ба бахши коркарди маҳсулот буд. Ин дар ҳолест, ки Заробиддин Файзуллоҳзода, вазири саноеъ ва фанновариҳои навини Тоҷикистон дар нишасти хабарии масъулони ин вазорат дар Душанбе тобистони имсол гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали имсол дар 146 корхона ва коргоҳи ҷадид 1 800 нафар машғул ба фаъолият шудаанд, аммо аз кор афтодани 181 корхона ва коргоҳ мӯҷиби бекор шудани наздик ба 2 ҳазор нафар шудааст.

Мақомоти ин вазорат рақобатпазир набудани маҳсулот, камбуди маводи хом, набуди бозори арзаи маҳсулот, мудирияти нокоромад ва фарсудагии таҷҳизотро омили таътили марокизи тавлидии Тоҷикистон унвон мекунанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон бо вуҷуд баҳрабардорӣ аз корхонаҳо ва коргоҳҳои ҷадид теъдоде аз ин марокиз пас аз муддате аз кор меуфтанд, зеро бештари мудирони ин марокиз афроди ғайриҳирфае ҳастанд ва аз ниёзи бозори дохилӣ ва хориҷии арзаи маҳсулот иттилоъ надоранд.

 

Барчасп

Назарҳо