Ноябр 13, 2019 09:46 Asia/Dushanbe
  • Набуди шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни диишиҳои зиндонӣ дар Туркия

Мақомоти Сафорати Тоҷикистон дар Анкара гуфтаанд, ки Вазорати кишвари Туркия дар бораи ҳузури эҳтимолии тоҷикон дар миёни диишиҳои зиндоние, ки Туркия қасди озодии онҳоро дорад иттилооте ироа накардааст.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, давлати Туркия аз ёздаҳуми ноябр истирдоди аъзои хориҷии гуруҳи террористии ДИИШро, ки дар ин кишвар зиндонӣ буданд оғоз кард.

Як мақоми масъул дар ниҳоди интизомии Тоҷикистон бидуни ифшои номи хуш гуфтааст, ки бар асоси иттилооти онон дар зиндонҳои Туркия шаҳрвандони тоҷикистоние, ки ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи террористии ДИИШ боздошт шуда бошанд вуҷуд надоранд.

Ба гуфтаи ин мақоми масъул миёни Вазорати кишвари Туркия ва Тоҷикистон дар ин маврид ҳамкории наздике барқарор шуда ва дар сурати вуҷуди шаҳрвандони тоҷик дар миёни диишиҳои зиндонӣ дар Туркия мақомоти Анкара тарафи Душанберо аз ин маворид огоҳ мекунанд.

Вай таъкид кардааст, ки агар аъзои гуруҳи ДИИШ аз Туркия ё ҳар кишвари дигаре ба Тоҷикистон истирдод шаванд зиндон дар интизори ин ашхос хоҳад буд.

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, ки ҳазору 900 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар бо пайвастан ба гуруҳҳои террористӣ ва ба вижа ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки беш аз 470 нафар аз онон дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

Барчасп

Назарҳо