Ноябр 14, 2019 10:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши  воридоти маводи ғазоӣ ба Тоҷикистон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард воридоти маводи ғазоӣ дар шашмоҳи нахусти имсол афзоиш доштааст.

Ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, дар 6 моҳи нахусти имсол, 31 дар сад аз кули воридоти Тоҷикистон, маводи ғазоӣ будааст,ки ин мизон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 11 дар сад афзоиш доштааст.

Бар асоси ин гузориш тамоми маводи ғазоии воридотӣ ба Тоҷикистон орд ва гандум, қанд ва шакар, равғани мойеъ, картошка ,макарон, маҳсулоти лабани ( шири ) тухми мурғ ва чой будааст.

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон таъкид кард ; дар муқоиса бо шаш моҳи нахусти соли пеш воридоти тухми мурғ 38 даҳуми дарсад, орд 47 дар сад, гандум ҳудуди 7 дар сад, руғани мойеъ ҳудуди 40 дар сад, анвоъи маракон 29 дар сад, қанд ва шакар 18 ва се даҳуми дарсад, чой ҳудуди 10 дар сад ва тамат 2 дар сад афзоиш доштааст.

Аз суи дигар саҳми маводи ғазоӣ дар содироти маҳсулоти Тоҷикистон 3 дар сад аст,ки шомили мева ва сабзиҷот ва хушкбор мешавад.

Барчасп

Назарҳо