Ноябр 14, 2019 10:30 Asia/Dushanbe
  • Озодии 540 нафар аз мутаҳамон ба ифротгарӣ дар вилояти Суғд

Додситони вилояти Суғд аз озодии 540 нафар аз мутаҳамон ба ифротигарӣ аз зиндонҳои вилояти Суғд хабар дод.

Ба нақл аз Осиё Плюс, Ҳабибуллоҳ Воҳидов дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангии нерӯҳои амниятӣ ва интизомии вилояти Суғд гуфт ; дар ҳудуди қонуни нави авфи умумӣ дар Тоҷикистон ,ки ба муносибати биступанҷумин солгарди тасвиби нахустин қонуни асосии ин кишвар иҷроӣ шуд,2 ҳазору 10 нафар аз зиндониёни минтақаҳои шимоли Тоҷикистон озод шуданд.

Вай таъкид кардааст,ки аз миёни 540 нафар аз мутаҳамон ба терорризм ва ифротгарӣ ,ки аз зиндонҳои вилояти Суғд озод шуданд ,359 тан гумонбар ба мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои мамнуъа ва парвандаи 181 нафар низ дар ҳоли баррасӣ буд.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон эълом карданд,ки дар сурати иҷроӣ шудани қонуни нави авфи умумӣ дар кишвар 7 ҳазор зиндонӣ озод ва бақия низ ба муҷозоташон тахфиф дода мешавад,ки теъдоди ин афрод ба 20 ҳазор нафар мерасад.

 Муддати иҷроӣ шудани ин қонун ду моҳ аст ва то кунун ҳазорон нафар аз зиндонҳо озод ва бақия ҳам шомили тахфифи муҷозот шуданд.

Дар тарҳи қонуни нави авфи умумӣ дар Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли озодӣ ва ё тахфифи муҷозоти зиндониёни сиёсӣ ишорае нашудааст.

Барчасп

Назарҳо