Ноябр 14, 2019 13:34 Asia/Dushanbe
  • Фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик ; фаъолиятҳои зиди динӣ решаи терорризм дар Тоҷикистон

Иззат Амон, фаъоли барҷастаи ҳуқуқи муҳоҷирони товик дар Русия мегуяд ; маншаи афкори ДИИШИ дар миёни ҷавонони Тоҷикистон ва ба хусус муҳоҷирон , равандҳои зиди динӣ аст.

Ҳамлаи ахир ба як посгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон ба далели ироаи иттилоот ва додаҳои зид ва нақиз бо ибҳомоти бисёре рӯ ба рӯ будааст.

Ба нақл аз Тасним, ин ибҳомҳо таҳлили моҷаро , таҳдидҳои воқеъӣ ва фарзӣ ва масоили ҷонибии онро душвор кардааст.

 Иззат Амон,аз фаъолини сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷики ҳавза гуфт ; дар Тоҷикистон дар мавриди мазоҳири мазҳабии монанди ҳиҷоб,риш, рафтан ба масҷид маҳдудиятҳои шадиде эъмол мешавад.

 Ӯ гуфт ; ин мавзуъ сабаби ҳасос шудани ифротгароён бишавад,бинобар ин, аз назари як ҷиҳодӣ ва ДИИШӢ, Тоҷикистон дар мавзуи ҳарб аст.

 Ӯ изҳор дошт ; аз назари ДИИШИҳо Тоҷикистон ҳукумате аст бедин,ки бо ин ҳукумат фақат мешавад бо роҳи муборизаи мусалаҳона ва ҷиҳод муқобила кард,бинобар ин, то замоне,ки дар Тоҷикистон равандҳои зидидинӣ вуҷуд дорад, таҳдидҳои ДИИШ низ ҳаст.

Иззат Амон ҳамчунин идома дод ; аввалин изҳороти сарҳанги Тоҷикистон , Ҳалимов вақте аз мавзеи ДИИШ ва кишвари Ироқ хориҷ шуд ва суҳбат кард,гуфт Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва вазир, Рамазон Раҳимзода , ба Ӯ фармон дода будааст,ки дар Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе бояд дигар ҳеҷ зане боҳиҷоб дида нашавад.

Ин фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик тасриҳ кард ; маншаи афкори ДИИШИ дар миёни ҷавонони Тоҷикистон ва ба хусус муҳоҷирон, равандҳои зидди динии ҳукумат аст. Яъне дин дар Тоҷикистон дар ҳошия қарор дорад ва ҳукумат ҳар коре мекунад,ки бо мазоҳири динӣ ва диндорӣ мубориза шавад.

Ӯ гуфт ; дар Русия низ муҳоҷирон хеле аз ин раванд норозӣ ҳастанд ва ҳамин боис мешавад ,ки нерӯҳои ДИИШ дар Русия муҳоҷирони моро ба ҷиҳод тарғиб кунанд.

Барчасп

Назарҳо