Ноябр 14, 2019 17:02 Asia/Dushanbe
  • Масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоии иттилоърасонии гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ дар Тоҷикистон

​​​​​​​Додгоҳи олии Тоҷикистон бар асоси дархости Додситони кулли ин кишвари сомонаҳои иттилоърасонии созмонҳо ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукуматро масдуд кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон, ба иллати террористӣ ва ифротӣ эълом шудани созмони Паймони миллии Тоҷикистон ва аҳзоб ва гуруҳҳое, ки шомили ин феҳрист мешаванд, аз додгоҳи олии ин кишвар хост, ки ҳукм масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоии интернетии ин гурӯҳҳоро содир кунад.

Дар гузориши Додгоҳи олии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ба далели мамнуъияти фаъолияти Паймони миллии Тоҷикистон дар дохили ин кишвар ба унвони эътилофи террористӣ ва ифротӣ, сомонаҳои гурӯҳҳои узви ин паймон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, масдуд ва интишор, таблиғ ва ворид кардани наворҳо ва матолиби ин гурӯҳҳо ба дохили қаламрави Тоҷикистон мамнуъ хоҳад буд.

 

Барчасп

Назарҳо