Декабр 01, 2019 15:33 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе дар интизори амири Қатар

Як манбаи огоҳ иллати таъхир дар ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанберо дархости амири Қатар барои ширкат дар ин маросим донистааст.

Ба нақл аз хабаргузории Азия-Плюс, бар ин асос гуфта мешавад Тамим бин Ҳамд Оли Сонӣ амири Қатар аз мақомоти тоҷик хостааст, то ба вай иҷоза диҳанд дар маросими ифтитоҳи ин масҷид ширкат ва бо мусулмонони тоҷикистонӣ намоз иқома кунад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин манбаи огоҳ таърихи дақиқи сафари амири Қатар ба Душанбе аз тариқи каналҳои депломатик мушаххас мешавад.

Пеш аз ин овозаҳое матраҳ шуда буд, ки таъхир дар ифтитоҳи ин масҷидро бо ишколоти технологӣ дар сохти он муртабит медонист.

Қарор буд Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе ҳамзамон бо бисту ҳаштумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ бирасад.

Санги бинои ин масҷид дар октябри соли 2009 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати ҳазору сесаду даҳумин солгарди Имом Абуҳанифа бунёнгузори мазҳаби Ҳанафия гузошта шуд, аммо сохти ин масҷид ду сол баъд дар октябри соли 2011 оғоз шуд.

Ҳазинаи сохти ин масҷиди се гегтарӣ бо гунҷоиши сад ҳазор намозгузор ҳудуди 100 миллион доллар эълом шуда, ки 30 миллион доллари онро давлати Тоҷикистон ва бақияро давлати Қатар тахсис додааст.

Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе яке аз бошукуҳтарин биноҳои меъмории Тоҷикистон ва ҳамчунин бузургтарин макони мазҳабӣ аст, ки дар солҳои истиқлоли ин кишвар сохта шудааст.

Барчасп

Назарҳо