Декабр 07, 2019 10:20 Asia/Dushanbe
  • Боздошти фармондеҳи яке аз воҳидҳои марзии Тоҷикистон

Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти Файзулло Ҳакимов, фармондеҳи яке аз воҳидҳои нерӯи марзбонии ин кишвар дар ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хабар додаанд.

Ба нақл аз сомонаи Top Tj, иттиҳоми ин фармондеҳ сӯистифода аз симмати фармондеҳӣ ва фаро рафтан аз ихтиёроти хидматӣ унвон мешавад, ки мӯҷиб шуда, Ҳусниддин Тоҳиров, сарбози вазифаи ин воҳиди марзбонӣ иқдом ба худкушӣ кунад.

Мақомоти додситонии низомии минтақаи Кӯлоб боздошти ин фармондеҳ ва ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи вайро тасдиқ кардаанд, аммо аз додани тавзеҳ дар бораи ҷузъиёти ин парванда худдорӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар паи нотавонии Ҳусниддин Тоҳиров, сарбози вазифаи ин воҳиди нерӯи марзбонӣ дар иҷрои фармони Файзулло Ҳакимов, вай бо хӯрдани асид иқдом ба худкукшӣ кардааст, ки акнун дар бемористони шаҳри Кӯлоб бистарӣ аст.

Вай ҳашт моҳ қабл ба хидмати сарбозӣ эъзом шуда буд.

Пизишкон гуфтаанд, ки ҳоли ин сарбоз пас аз кӯмакҳои аввалия беҳбуд ёфтааст.

Бар асоси қонунҳои ҷиноии Тоҷикистон, дар сурати исботи иттиҳоми Файзулло Ҳакимов, додгоҳ метавонад ӯро аз 5 то 8 соли ба зиндон маҳкум кунад.

 

Назарҳо