Декабр 07, 2019 12:56 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди намояндаи Бонки рушди Осиё аз низоми молиётии Тоҷикистон

Намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон аз ихтисоси воми 400 миллиондолларии ин ниҳод ба ин кишвар хабар дод, аммо дар айни ҳол аз низоми феълии молиёт дар ин кишвар интиқод кард.

Ба нақл аз сомнаи Азия Плюс, Прадип Сривастава дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, Бонки рушди Осиё таи 3 соли оянда ба Тоҷикистон маблағи 400 миллион доллар вом ихтисос хоҳад дод. Вай ҳадаф аз ироаи ин кӯмаки молӣ ба Тоҷикистонро ҳимоят аз аз тарҳҳои энергетикӣ, ҳамлу нақл, зерсохтҳои шаҳрӣ ва беҳбуди мудирияти манобеи об унвон кардааст.

Бо ин ҳол, намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон тағйири қонуни молиёти сангини феълӣ дар ин кишварро хостор шудааст. Вай таъкид кардааст, Бонки рушди Осиё дар соли 2016 ба шарти коҳиши теъдоди идороти таҳқиқ ва тафаҳҳус дар Тоҷикистон бар фаъолиятҳои бахши хусусӣ, ба ин кишвар кӯмаки молӣ кард.

Намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон мегӯяд, аксари фаъолони бахши хусусӣ шикоят мекунанд, ки танҳо дар рӯи коғаз теъдоди ин ниҳодҳо коҳиш ёфтааст ва дар амал ҳеҷ тағйире дар ин замина  эҷод нашудааст. Аз ин рӯ, мо интизор дорем, ки ваъдаи мақомоти Тоҷикистон дар бораи коҳиши мизони молиёти сангини дарёфтӣ дар ин кишвар амалӣ шавад.

 

Назарҳо