Декабр 07, 2019 14:17 Asia/Dushanbe
  • Низоми ҷадиди интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ноҳамоҳанг аст

Коршиноси умури бонкии Осиёи Марказӣ мӯътақид аст, низоми ҷадиди интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон, ки ахиран Боки миллии ин кишвар онро амалиётӣ кард, ноҳамоҳанг ва ғайри қобили эътимод аст.

Ба нақл аз хабаргузории Осиёи Марказӣ, Ӯткир Умарбоқиев бо ишора ба маҳдудият дар раванди интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон, ки ахиран Бонки миллии Тоҷикистон эъмол карда, гуфтааст, ин равиш барои нахустин бор дар қаламрави ҷомеаи ҳамсуд эъмол шудааст, ки ба зиёни коргарони муҳоҷири тоҷик тамом мешавад.

Вай таъкид кардааст, ҳамасола коргарони муҳоҷири тоҷик наздик ба 3 миллиард доллар даромади молии худро аз Русия ба Тоҷикистон ирсол менамоянд, ки шабакаи бонкии Русия аз ин мизон маблағи ирсолӣ солиёна 100 миллион доллар кормузд дарёфт мекард.

Акнун мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ин, ки онон аз эъмоли системаи ҷадиди ирсоли даромади коргарони муҳоҷири Тоҷикистон аз Русия дар сол чи қадар даромади молӣ касб мекунанд, тавзеҳоте ироа намедиҳанд.

 

Назарҳо