Декабр 07, 2019 20:14 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи парлумонӣ

Раиси Комиссиони марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз баргузории интихоботи парлумонӣ дар 46 ҳавзаи интихобия дар ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Ховар, Бахтиёр Худоёрзода гуфтааст, ки дар нишасти аъзои ин комиссион дар Душанбе мавзӯи омодагӣ барои баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар якуми моҳи марти соли 2020 баррасӣ шуд.

Вай таъкид кардааст, ки дар 46 ҳавзаи интихобия раъйгирӣ барои мушаххас кардани таркиби нави Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо интихоботи шуроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва маҳаллии ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дорои 63 курсӣ ва Маҷлиси миллӣ дорои 33 курсӣ аст.

Ҳадди нисоби вуруди номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар асоси орои 5 дарсадӣ хоҳад буд, ки ҳизбҳои ширкаткунанда бо ин шохис метавонанд як номзадро ба ниҳоди қонунгузорӣ бифристанд.

Ҳамакнун бештари курсиҳои намояндагӣ дар маҷолиси Тоҷикистон дар ихтиёри Ҳизби ҳокими халқи демократ қарор дорад.

Барчасп

Назарҳо