Декабр 08, 2019 10:03 Asia/Dushanbe
  • Таъини 220 миллион доллар барои бозпардохти қарзи Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон барои бозпардохти қарзи хориҷӣ ва дохилиаш дар соли 2020 аз будҷаи 220 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, дар будҷаи ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2020 беш аз 2 миллиарду 128 миллион сомонӣ (баробари 220 миллион доллар) ба манзури бозпардохти қарзи хориҷӣ ва дохилии ин кишвар дар назар гирифта шуда, ки баробар бо ҳашт дарсад аз кулли бахши ҳазинаии будҷа аст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон кули қарзи ин кишвар дар охирҳои моҳи октябри имсол ба се миллиарду 600 миллион доллар расида, ки ду миллиарду 900 миллион доллари он қарзи хориҷӣ ва 715 миллион доллари он қарзи дохилӣ аст.

Тоҷикистон як миллиарду 400 миллион доллар ба Чин қарздор аст ва Бонки давлатии соридот ва содироти Чин, бузургтарин қарздиҳанда ба ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Бонки рушди исломӣ қарздор аст.

Гуфта мешавад, ки 40 дарсад аз қарзи дохилии Тоҷикистонро қарзҳои ҳукумати ин кишвар ба ду Бонки буҳронзадаи содирот ва сармоягузории кишоварзӣ ташкил медиҳад.

 

 

Барчасп

Назарҳо