Декабр 08, 2019 10:44 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси молии рус: Бонки миллии Тоҷикистон иштибоҳ кард

Коршиноси умури молии Русия муътақид аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон набояд барои ирсоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик мушкил эҷод кунад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Демитрӣ Галобовский бо ишора ба маҳдудият дар раванди интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия, ки ахиран Бонки миллии Тоҷикистон эъмол карда гуфтааст, ки ба ҷои ин кор беҳтар буд ин бонк назорат бар интиқоли пулҳои калон ва шубҳанокро ташдид мекард.

Ин коршиноси молӣ, иҷрои маҳдудият бар интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикро иштибоҳ тавсиф кард ва афзуд, агар ҳадафи ташдиди назорат бар раванди интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ба хотири мулоҳизоти амниятӣ бошад, бояд ин назорат бар ирсоли пулҳои калон мутамаркиз шавад, зеро дар шароити феълӣ беш аз ҳама хонаводаҳои коргарони муҳоҷир зиён хоҳанд дид.

Бо вуҷуди эъломи пешакии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди набуди мушкил дар интиқол ва дарёфти даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик теъдоди зиёде аз бастагони ин ашхос аз рӯзи 3 декабр натавонистанд ин пулҳоро аз бонк бардошт кунанд, зеро муассисаҳои молӣ ва эътибории Вестерн Юнион, Контакт, Близко ва Золотая Корона рӯзи 3 декабр интиқоли пул ба Тоҷикистонро мутаваққиф карданд.

Манобеи мустақили хабарӣ эълом карданд, ки дар паи коҳиши 60 дарсадии интиқоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия арзиши доллар, ки дар бонкҳои тиҷорӣ 9 сомонӣ ва 70 дирам буд, аз 10 сомонӣ фаротар рафтааст.

Назарҳо