Декабр 14, 2019 12:51 Asia/Dushanbe
  • Табрики раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва амири Қатар ба муносибати бисту панҷумин солгарди барқарории робитаҳои ду кишвар.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва амири Қатар дар паёмҳои ҷудогона бисту панҷумин солгарди барқарории робитаҳои дипламатӣ миёни ду кишварро табрик гуфтанд.

Ба гузориши Форс, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва шайх Тамим бин Ҳамд Оли Сонӣ, амири Қаттар дар паёмҳои ҷудогона бисту панҷумин солгарди эҷоди робитаҳои дипламатӣ миёни ду кишварро табрик гуфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба амири Қатар эҷоди гуфтугуи сиёсии фаъол дар сатҳҳои мухталиф аз ҷумла болотарин сатҳ, ҳамкории мутақобили судманд дар заминаҳои мухталифи мавриди таваҷуҳи тарафайн ва ҳамчунин мушорикати созанда дар заминаҳои созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаиро аз натиҷаҳои мароҳили дурахшони равобити байни давлатӣ миёни ду кишвар унвон кард. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши дигари ин паём ибрози итминон карда,ки сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба ин раванд ангезаи наве хоҳад бахшид. Амири Қаттар дар паёми худ бо ибрози ризоят аз вазъияти равобит миёни ду кишвар алоқамандии худро барои тадоввуми ҳамкорӣ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ҳифз ва тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ба нафъи мардуми бародари ду кишвар иброз дошт. Равобити дипламатӣ миёни Тоҷикистон ва Қаттар дар 13 декабри соли 1994 и милодӣ барқарор шудааст.

Барчасп

Назарҳо