Январ 10, 2020 20:04 Asia/Dushanbe
  • Сомонаи зиддимушакии “С – 300” –и Русия дар Тоҷикистон озмоиш шуд

Тоҷикистон бо баргузории размоише сомонаи дифои зиддимушакии “С – 300”- и Русияро озмоиш кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, низомиёни руси мустақар дар пойгоҳи 201 –и артиши Русия дар Тоҷикстон барои муқобила бо ҷангандаҳо, паҳподҳо ва мушакҳои баллистики душмани фарзӣ дар ҳарими ҳавоии ин кишвар беш аз 20 мушак ба сӯйи ин аҳдоф шиллик карданд.

Гуфта мешавад, ки тамоми таҷҳизоти душмани фарзӣ дар ин размоиш раҳгирӣ ва нобуд шудааст.

Ҳамчунин дар ин тамринҳо раванди суръат бахшидан дар тағйири макон ва шиллики дубораи мушакҳои раҳгирӣ ба сӯйи ҷангандаҳо, паҳподҳо ва мушакҳои баллистики душмани фарзӣ озмоиш шуд.

Нахустин сомонаи дифои зиддимушакии Русия, мавсум ба “С – 300” моҳи ноябри соли 2019 дар пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон мустақар шуд.

Ҳадаф аз истиқрори ин сомонаи зиддимушакӣ дар Тоҷикистон, ҳаросат ва нигаҳбонӣ аз пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия, тақвияти дифои зиддиҳавоии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ ва кумак ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон эълом шудааст.

Чанде қабл Сергей Шайгу, вазири дифои Русия эълом кард, ки нахустин сомонаи зиддимушакии “С – 300”, ки дар пойгоҳи 201-и артиши Русия дар наздикии Душанбе насб шудааст, пас аз ду сол ба низомиёни тоҷик таҳвил хоҳад шуд.

 

Барчасп

Назарҳо