Январ 18, 2020 11:06 Asia/Dushanbe
  • Ба нафақа баромадани раисони Маҷлиси намояндагон ва Миллии Тоҷикистон

Бо баргузории интихоботи маҷлисҳои намояндагон ва милли Тоҷикистон раисони феълии ҳарду Маҷлиси ин кишвар бознишаста мешаванд.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷикистон Таймз ,Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров раисони Маҷлисҳои Намояндагон ва миллии Тоҷикистон бо баргузории интихоботи ҳамзамони ин ду Маҷлис бознишаста хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад ,ки далели бознишастаги ин ду сини онон аст ,ки Муҳаммадсаид Убайдулоев 68 ва Шукурҷон Зуҳуров 66 сола ҳастанд.

Коршиносони сиёсии Тоҷикистон аз Муҳаммадтоҳир Зокирзода муовини нахуствазири кишвар ,ки аз номзадҳои Ҳизби ҳокими Халқи демократ аст ба унвони раиси нави Маҷлиси Намояндагони ин кишвар ном мебаранд.

Аз дидгоҳи ин коршиносон бар асоси тақсимбандии ба ҷо монда аз даврони ҳукумати Шуравӣ ,ки намояндаи минтақаи Рашт , раёсати парлумони Тоҷикистонро бар уҳда мегирифт акнун Муҳаммадтоҳир Зокирзода  пас аз интихобот ба унвони раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар мансуб хоҳад шуд , зеро пеш аз вай  Саидуллоҳ Хайрулоев ба Шукурҷон Зуҳуров намояндагони  минтақаи Рашт низ ҳар як ба муддати 10 сол дар ду давраи раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буданд.

Интихоботи Маҷлиси намояндагони ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо интихоботи Шуроҳои вилоятӣ,  шаҳрӣ ва маҳалии ин кишвар аввали моҳи март баргузор хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 намоянда ва Маҷлиси миллӣ 33 намоянда дорад.

Назарҳо