Январ 18, 2020 15:23 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тарҳи осоншудани сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон дар нишасти ахири худ қонунеро тасвиб кард,ки бар асоси он сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ дар тарҳҳои муҳими ин кишвар осон хоҳад шуд.

Ба нақл аз Форс , ин қонун сабаби афзоиши ҳамкории ин кишвар бо Созмонҳои хусусии кишварҳои хориҷӣ мешавад ва ба давлат ин имконро медиҳад то сармояҳои хориҷиро барои такмили нерӯгоҳи Барқӣ обии Роғун ҷазб кунад.

Бинобарин ин ислоҳот метавонад сармоягузориҳои лозимро ҳамчунин барои тавсиаи ширкати Алюминии Тоҷик ҷазб кард ,ки бо тасмими давлати Тоҷикистон аз аввали моҳи ноябри соли гузашта ба ширкати саҳомии ом табдил шудааст.

Дар ҳоли ҳозир таъсисоти дифоӣ ва манобеи обии Тоҷикистон дар ҳавзаи хусусисозӣ қарор надорад.

Нерӯгоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард килловват соат барқ дар сол , бузургтарин тарҳи Барқӣ обии минтақа аст.

Бар асоси барномаи тавлати Тоҷикистон севвумин турбинаи ин нерӯгоҳ дар соли 2024 милодӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Назарҳо