Январ 18, 2020 15:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муфтии Тоҷикистон бар истифода аз зарфияти ҷавонон барои муқобила бо ифротгароӣ

Раиси шурои уламои Тоҷикистон , ифротгароӣ ва терорризмро як нерӯи мухараб барои инсонҳо унвон ва хостори мубориза бо ин падида шуд.

Ба нқл аз Форс, Саидмукарам Абдулқодирзода раиси Шурои уламои Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи шароити изтирорӣ ва дифоъи мадании ин кишвар дидор кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба мубориза бо ифротгароӣ ва терорризм ва ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав матраҳ шуд.

Абдулқодирзода гуфт ; ифротгароӣ ва терорризм барои ҳар кишваре мухараб аст ва бо ин падида бояд мубориза шавад.

Ба гуфтаи муфтии мусалмонони Тоҷикистон , мубориза бо ин падидаҳо бефаолиятҳои густардаи омӯзишӣ ва огоҳсозии мардум бавижа ҷавонон дар мавриди арзишҳо , таъомулоти мазҳабӣ, гуфтугу ва ҳамкорӣ, имконпазир нест.

Абдулқодирзода ҳамчунин бар роҳбурди Шурои уламои Тоҷикистон бар тарвиҷи арзишҳои воқеии исломӣ дар миёни ҷавонон ва ба коргирии тавонмандии халоқонаи онҳо барои мубориза бо терорризм таъкид кард.

Назарҳо