Январ 23, 2020 13:49 Asia/Dushanbe
  • 8 дар сад нархи тавваруми Тоҷикистон дар соли 2019

Идораи омори вобаста ба дафтари раёсаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузорише нархи тавваруми ин кишвар дар соли гузаштаи милодиро 8 дар сад эълом кард.

Тибқи ин гузориш, дар ин муддат қимати маводи ғазоӣ,ғайри ғазоӣ ва хадамоти пулӣ афзоиш доштааст.

Ба нақл аз Форс, дар соли 2018 милодӣ ин шохис дар Тоҷикистон 5. 4 дар сад эълом шуда буд.

Пеш аз ин Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши худ мизони тавваруми Тоҷикистон дар соли гузаштаи милодиро 8 дар сад пешбинӣ карда буд.

Бинобар гузориши Бонки ҷаҳонӣ ,дар соли гузаштаи милодӣ ба далели афзоиши қимати маводи ғазоӣ, нархи тавварум дар Тоҷикистон  афзоиши қобили таваҷуҳе дошт.

Бештарин мизони тавварум дар моҳи рамазон дар Тоҷикистон сабт шудааст.

бар асоси омор дар моҳи апрел нархҳо дар ин кишвар 2 дар сад ва дар моҳи май 1 .8 дар сад афзоиш доштанд.

Назарҳо